Инфиҷор дар шарқи пойтахти Афғонистон
(last modified Wed, 10 Jan 2024 05:23:07 GMT )
Январ 10, 2024 10:23 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷор дар шарқи пойтахти Афғонистон

Инфиҷор дар шарқи Кобул, пойтахти Афғонистон се кушта бар ҷо гузошт.

Ба гузориши ИРНА, Холид Задран (Khalid Zadran), сухангӯи полиси Кобул, пойтахти Афғонистон рӯзи сешанбе эълом кард, ки бар асари инфиҷори бомби ҷосозӣ шуда дохили як худрав дар минтақаи Алухили ноҳияи 16 шаҳри Кобул, се нафар кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд.

Бар асоси эъломи сухангӯи полиси Кобул, як фарди машкӯк дар ҷараёни таҳқиқот дар бораи ин инфиҷор тавассути полис боздошт шудааст.

Токунӯн ҳеҷ фард ё гуруҳе масъӯлияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст.

Бо вуҷӯди иддаои Толибон дар бораи кантроли умури амниятии Афғонистон, манотиқи мухталифи ин кишвар бавижа Кобул ҳарчандвақт якбор шоҳиди инфиҷорҳо ва ҳамалоти террористӣ аст.

Токунӯн масъулияти бештари ин ҳамалотро гурӯҳи террористии ДИИШ бар ӯҳда гирифтааст.