Оё таърихи дахолатҳои Амрико дар Амрикои Лотин дубора такрор мешавад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i123750-Оё_таърихи_дахолатҳои_Амрико_дар_Амрикои_Лотин_дубора_такрор_мешавад
Порс Тудей- Миллионҳо амрикоӣ дар аввалин шанбеи Соли нави мелодӣ бо як суол аз хоб бедор шуданд: Оё мо дар ҳоли ҷанг бо Венесуэла ҳастем?
(last modified 2026-01-10T10:17:42+00:00 )
Январ 07, 2026 12:11 Asia/Dushanbe
  • Оё таърихи дахолатҳои Амрико дар Амрикои Лотин дубора такрор мешавад?

Порс Тудей- Миллионҳо амрикоӣ дар аввалин шанбеи Соли нави мелодӣ бо як суол аз хоб бедор шуданд: Оё мо дар ҳоли ҷанг бо Венесуэла ҳастем?

«Middle East Eye» дар матлабе навишт: Иқдоми Амрико дар рабудани Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла паёмадҳои густардае ҳам барои худи Венесуэла, ҳам барои ҷойгоҳи ҷаҳонии Амрико ва ҳатто барои қавонини дохилӣ ва байналмилалии марбут ба раёсатҷумҳурӣ дорад.

Ба гузориши Порс Тудей, рабудани як раисҷумҳури хориҷӣ иқдоме шока(ҳайрон)-кунанда аст, чун дар урфи байналмилал чунин иқдоме навъе ҷанг маҳсуб мешавад.

Трамп барои тавҷеҳи ин иқдом, иддаои даст доштани Мадуро дар қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиди он барои амнияти мардуми Амрикоро унвон кард, аммо суханони баъдии Трамп нишон дод ӯ нақши Венесуэларо бузургтар аз воқеият ҷилва дода ва қасд дорад бо қудрати сахт дар минтақае, ки онро «ҳаёти хилват»-и Амрико медонад, нуфузи бештаре дошта бошад.

Ин рӯйдод ёдовори даврони дахолатҳои Амрико дар Амрикои Лотин аст; замоне ки раҳбарони номатлуб аз назари Амрико, сарнагун мешуданд ва давлатҳои дастнишонда рӯи кор меомаданд. Конфронси хабарии Трамп дар Мар-а-Лаго, ҳамзамон бо интиқоли Мадуро ба Ню-Йорк, пур аз намоиши пирӯзӣ ва ёдовори лаҳзаи эъломи пирӯзии Ҷорҷ Буш дар Ироқ дар соли 2003 буд. Вазири ҷанги Амрико ҳатто ин иқдомро болотар аз лаҳазоти таърихии Линколн ва Рузвелт донист.

Аммо дар дохили Амрико, демократҳо хашмгинанд, зеро ҳамлаҳои Амрико дар Венесуэла амалан ҷанг маҳсуб мешавад ва ниёз ба муҷаввизи Конгресс дорад. Бархе сенаторҳо таъкид кардаанд Трамп бидуни муҷаввиз вориди ҷанг шуда ва бояд посухгӯ бошад. Бо ин ҳол, раҳбарони ҷумҳурихоҳ аз ӯ ҳимоят кардаанд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад бештари мардуми Амрико мухолифи дахолати низомӣ дар Венесуэла ҳастанд ва ҳатто бахше аз ҳомиёни Трамп эҳсоси хиёнат мекунанд, чун тасаввур мекарданд ӯ ба ҷангҳои бепоён поён медиҳад.

Таҷрибаҳои Ироқ, Афғонистон ва Либия нишон додаанд, ки суқути сареи як раҳбар бидуни барномарезӣ метавонад кишварро ба ошӯб бикашонад. Венесуэла ҳам дар маърази ҳамин хатар аст. Трамп дар бораи ояндаи Венесуэла содаангорона сухан гуфт ва ҳатто эълом кард: Амрико Венесуэларо то замони «интиқоли амн» идора хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин ошкоро гуфт ширкатҳои нафтӣ ворид хоҳанд шуд ва нафти Венесуэларо пас хоҳанд гирифт. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, ин иқдом нишон дод Амрико ба дунболи тасбити султаи комил дар нимкураи ғарбӣ аст.