Январ 11, 2024 17:45 Asia/Dushanbe
  • Бар уҳда гирифтани масъулияти таркиши террористии Кобул аз сӯи ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти таркиши бомба дар шарқи шаҳри Кобул (пойтахти Афғонистон)-ро бар уҳда гирифт.

Шаҳри Кобул рӯзи сешанбе шоҳиди як ҳамлаи кӯри террористӣ буд.

 Ба гуфтаи Холид Задрон-сухангӯи полиси Кобул бар асари инфиҷори бомбаи ҷосозишуда дар як худрав дар минтақаи 16 амниятии Кобул, се нафар кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.

Илова бар ин манотиқи дигари Афғонистон бавежа вилояти Ҳирот дар марзи Эрон ҳам дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди ҳамалоти гуногун ва кӯри террористӣ буд, ки масъулияти бештар ин ҳамалотро гурӯҳи террористӣ - такфирии ДИИШ бар уҳда гирифт.

 Ҳамзамон бо инфиҷорҳои террористӣ дар Афғонистон, худрави полиси Покистон, ки маъмури таъмини амнияти тими беҳдошт барои ваксинасия фалаҷи атфол дар иёлати Хайбар-пахтунхоҳ буд низ рӯзи душанбе ҳадафи инфиҷори бомб қарор гирифт.

 Дар ин инфиҷор 5 нафар аз неруҳои полиси Покистон кушта ва шуморе захмӣ шуданд.

 Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, гурӯҳи террористии ДИИШ дирӯз чаҳоршанбе муддаӣ шуд, як худрави ҳомили кормандони зиндони Пуличархӣ ҳадафи инфиҷори рӯзи сешанбеи Кобул.

 «холид задрон» ҳамчунин аз боздошт як нафар дар иртибот бо инфиҷор рӯз се шанбе дар кобл хабар дод.

 ин дувумин инфиҷор дар шаҳри Кобул дар як ҳафтаи ахир аст, ки худравҳои дохили шаҳрӣ ҳадаф қарор мегирад.

 Масъулияти инфиҷори қаблиро ҳам, ки дар ғарби Кобул рӯй дод, ДИИШ бар уҳда гирифт.

 

 

Барчасп