Январ 20, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 23-25 январ дар як сафари расмӣ ба Пекин меравад
    Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 23-25 январ дар як сафари расмӣ ба Пекин меравад

Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 23-25 январ дар як сафари расмӣ ба даъвати ҳамтоии чинииаш ба Пекин,пойтахти Чин меравад

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси барномаи ин сафар дар шаҳри Пекин музокирот дар сатҳи олӣ ва ҳамчунин як қатор дидорҳои дуҷониба анҷом мешавад.

 Дастури кори маросимҳо шомили таҳкими беш аз пеши равобити шарокати роҳбурдии ҳамаҷонибаи Узбакистон ва Чин ва густариши ҳамкориҳои амалӣ дар миқёси комил аст.

 Чин бузургтарин ҳамкори иқтисодӣ ва бозаргонии Узбакистон мебошад.

 Ҳамакнун дар Узбакистон беш аз 2140 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаъолият мекунанд.

 Ҷумҳурии халқии Чин ва Узбакистон аз торихи 2 январи 1992 равобити дипломатӣ барқарор кардаанд.

 

  бештар бихонед:

 

Барчасп