Заминларзаи 7 рихтерӣ дар Қирғизистон
Январ 23, 2024 12:39 Asia/Dushanbe
Заминларзае ба бузургии ҳафт дар миқёси амвоҷи дарунии замин (Рихтер) шомгоҳи душанбе (ба вақт маҳаллӣ) шарқи Қирғизистонро ларзонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Маркази таҳқиқоти улуми замини Олмон (gfz) дар баёнияе эълом кард , конуни ин заминларза дар умқи 22 километрии замин эълом шудааст, ки ба далели наздикӣ ба сатҳи замин, метавонад заминларзаи вайронгарро эҷод карда бошад.
Ин зилзила дар Деҳлии нав дар Ҳинд низ эҳсос шудааст.
Аз хисорати эҳтимолии ин заминларза ҳанӯз гузорише мунташир нашудааст.
Барчасп