Омодагии Тоҷикистону Узбекистон барои иҷрои пружаҳои мутақобили манфиатбахш
(last modified Thu, 28 Mar 2024 05:57:02 GMT )
Март 28, 2024 10:57 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Тоҷикистону Узбекистон барои иҷрои пружаҳои мутақобили манфиатбахш

Абдуҷаббор Раҳмонзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон бо Бахтиёр Саидов, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Узбекистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор тарафайн бо ибрози назар дар хусӯси истифода аз фурсати густардаи равобити дӯстонаи ду кишвар, омодагии худро барои барномаи дидорҳои олирутбаи оянда, фаъолияти дипломасии иқтисодӣ ва иҷрои прожуҳои манфиатбахши мутақобил эълом карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор дар бораи баргузории рӯйдодҳо дар ҳошияи нишасти баландпояи оянда баҳсу табодули назар шуд.