Ҳамкории муштараки Чину Қирғизистон ҷиҳати мубориза бо терроризм
(last modified Sat, 07 Jan 2017 06:32:13 GMT )
Январ 07, 2017 11:32 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории муштараки Чину Қирғизистон ҷиҳати мубориза бо терроризм

Раисҷумҳурҳои Чину Қирғизистон тавофуқ карданд, ки ҳамкориҳои амниятии худро дар чорчӯби мубориза бо терроризм густариш диҳанд.

Си Ҷинпинг, раисҷумҳури Чин ва Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон дирӯз дар Пекин дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, раисҷумҳурҳои Чину Қирғизистон дар ин дидор дар робита ба густариши равобити ду кишвар бар пояи эҳтиром ва манофеи мутақобил таъкид кардаанд, ки Чину Қирғизистон муносиботу ҳамзистии мусолиматомез доранд. Раисҷумҳурҳои Чину Қирғизистон ҳамчунин хоҳони густариши равобит дар чорчӯби иҷрои барномаи Роҳи Абрешим шудаанд. Раисҷумҳури Қирғизистон дар ин дидор таъкид кардааст, аз усули «Чини воҳид» ва ин ки Тайван бахше аз сарзамини Чин аст, ҳимоят мекунад.

Имсол аз барқарор шудани равобити дипломатии Чину Қирғизистон 25 сол пур мешавад.