Июн 08, 2024 14:10 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ байни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай

Вазирони додгустарии узви Созмон ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) аз ҷумла Эрон дар нишасти маҷозӣ, ки ба раёсати вазири додгустарии Қазоқистон анҷом шуд, тавофуқномаи муштамил бар 4 бандро бо ҳадафи тавсеаи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ ва афзоиши сатҳи муносибати ин кишварҳо ба имзо расонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; вазирони додгустарии кишварҳои узви ин созмон бо таъкид бар тафоҳуми мутақобил ва бо дар назар гирифтани тавофуқот ва вазоифи пешбинишуда дар стратегияи тавсеаи СҲШ то соли 2025, дар хусуси идомаи ҳамкориҳо мутобиқ бо аҳдоф ва усули маншури созмон, муоҳидаи ҳамсоягии дарозмуддат, дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои узв ва стратегияи тавсеаи СҲШ то соли 2025 ба тавофуқ расиданд.

Нишасти баъдии вазирони қонун ва додгустарии кишварҳои узв Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2025 ба мизбонии Русия баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп