Июл 08, 2024 09:41 Asia/Dushanbe
  • Фасли содироти тарбузи Тоҷикистон
    Фасли содироти тарбузи Тоҷикистон

Ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон омори содироти ҳиндувона (тарбуз) -ҳои зарду сиёҳро танҳо аз як ноҳия нашр кард ва ин омори ниҳоӣ нест.

Ба гузориши “Спутник”, вилояти Хатлон аз аввали мавсим 300 тон тарбузи зарду сиёҳ ба Русия содир кардааст.

Хадамоти матбуоти ноҳия гуфт, кишоварзони ин ноҳия дар майдони 18 гектар тарбузи зарду сиёҳ парвариш карда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.

Дар вилояти Хатлон ҳиндувона ё тарбуз нисбат ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон зудтар бардошт мешавад. Дар Тоҷикистон харбуза дар ҳар мавсим се-чор маротиба ҷамъоварӣ ва бардошт мешавад.

Дар Тоҷикистон 15 навъи тарбуз мавчуд аст.

 

Барчасп