Июл 08, 2024 12:57 Asia/Dushanbe
  • Лоиқ Қутбиддинов, қаҳрамони Ҷоми ҷудои Осиё
    Лоиқ Қутбиддинов, қаҳрамони Ҷоми ҷудои Осиё

Ҷудокори тоҷик дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё байни наврасон, ки дар Алмаатои Қазоқистон ҷараён дорад, медали тило ба даст овард.

Ба гузориши “Спутник”, ҷоизаро дар ин мусобиқа Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг, бо шикасти ҳарифаш аз Узбакистон, ба даст овардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 4 то 7 июл дар шаҳри Алмаато Ҷоми ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.

 

Барчасп