Кумаки Бонки тавсеаи Олмон барои сохти нерӯгоҳи «Себзор»
Июл 28, 2024 18:23 Asia/Dushanbe
Бонки тавсеаи Олмон барои эҳдоси нерӯгоҳи «Себзор» беш аз 44,4 миллион евро кумаки билоиваз ихтисос хоҳад дод.
Дар таърихи 25 июл Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» тавофуқнома дар мавриди интиқоли ҳазинаи кумаки молӣ барои сохти нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» имзо карданд.
Ба навиштаи сомонаи Ховар, тибқи ислоҳот ба Созишномаи иловагӣ оид ба интиқоли маблағи грантӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, ки байни Бонки Олмонии рушд (KfW) ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо (гиранда) ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» (иҷрокунандаи лоиҳа) ба имзо расидааст.