Таҳвили устуворномаи намояндаи доими Тоҷикистон ба мудири кулли ЮНЕСКО
(last modified Wed, 31 Jul 2024 05:57:34 GMT )
Июл 31, 2024 10:57 Asia/Dushanbe
  • Таҳвили устуворномаи намояндаи доими Тоҷикистон ба мудири кулли ЮНЕСКО

Намояндаи доими Тоҷикистои устуворномаи худро ба мудири кулли ЮНЕСКО таслим кард.

Дилшод Раҳимӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) устуворномаи худро ба Одри Азуле, мудири кулли ЮНЕСКО таслим кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Пас аз эътимодномасупорӣ мулоқот доир шуда, дар он ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро хуб арзёбӣ намуданд ва оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва ҳамкорӣ дар оянда табодули афкор анҷом доданд.