Дидори намояндагони Тоҷикистон бо UNHCR дар умури паноҳндагони СММ
(last modified Tue, 13 Aug 2024 06:22:22 GMT )
Август 13, 2024 11:22 Asia/Dushanbe
  • Дидори намояндагони Тоҷикистон бо UNHCR дар умури паноҳндагони СММ
    Дидори намояндагони Тоҷикистон бо UNHCR дар умури паноҳндагони СММ

Намояндагони Тоҷикистон ва UNHCR масъалаи ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуданд.

Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ дар вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари нави Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон "UNHCR" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. 

Ба гузориши радиои тоҷикии садои хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар зимни вохӯрӣ дар бораи офатҳои табиии дар мамлакат рухдода, корҳои анҷомёфта баҳри рафъи оқибатҳои онҳо ва кумакҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии зарардида расонида маълумот дода шуд.

Ҳамчунин масъалаи оғози корҳои таъмиру навсозии биноҳои воқеъ дар ҳудуди Хадамоти зидди жола, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир аст, баррасӣ гардид. Маркази бунёдшаванда барои ҷойгиркунии муваққатии қурбониёни офатҳои табиӣ ва гузаронидани машқҳо истифода мешавад.

Дар фарҷом ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки механизмҳои мавҷудаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон имкон медиҳанд, ки дар оянда ба таҳдидҳои нави ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ муқовимати босамар нишон дода шавад.