Август 19, 2024 13:12 Asia/Dushanbe
  • Рузҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад
    Рузҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузарии рузҳои фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар ба нақл аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, рузҳои 22 то 23 август дар шаҳри душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчуби рузҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистони барномаи консерт, намоишгоҳи ҳунарҳои омиёна ва ҳунарҳои таҷассумии Қазоқистон баргузор мешавад .

Ҳамчунин дар таърихи 24 авгус барномаи консерти ҳунармандони қаззоқ дар театри академики давлатии Опера ва Балет ба номи С.Айнӣ иҷро мешавад. Дар чорчуби рузҳои фарҳангии Қазоқистон, барномаҳои рузҳои синамо ва консерт дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар низ баргузор мешавад.