Тағйири низомномаи ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар Қирғизистон
Сентябр 04, 2024 20:04 Asia/Dushanbe
Қавонини ҳузур дар Қирғизистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон тағйир ёфт.
Ба гузориши сомонаи Спутник, аз 5-уми сентябр шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни таҳияи ҳуҷҷатҳои илоавгӣ метавонанд дар Қирғизистон давоми ҳар 120 рӯз на бештар аз 60 рӯз иқомат кунанд.
Дар Қирғизистон тартиби нави сабти ном барои шаҳрвандони 8 кишвари дорои низоми бидуни раводид, ки дар ин кишвар бо ҳадафҳои хусусӣ иқомат мекунанд, ҷорӣ карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди рақамии Қирғизистон хабар додааст.
Қоидаҳои нав аз 5-уми сентябр эътибори расмӣ пайдо хоҳад кард.