Сентябр 11, 2024 12:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мавриди ҳамкорӣ дар заминаи давлатии электронӣ

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ мавриди ҳамкорӣ дар заминаи давлати электронӣ баҳсу табодули назар карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, 8 сентябр дар Риёз мулоқоти Акрам Каримӣ, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Аҳмад Ас-Сувайён, роҳбари Агентии ҳукумати рақамии Подшоҳии Арабистони Саудӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуданд.

 

Барчасп