Баррасии масоили марзӣ миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон
Масоили маҳдудаҳо ва марзбандӣ миёни гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон аз 11 то 17 сентябр баррасӣ шуд.
Ба нвиштаи сомонаи Спутник, дар шаҳри Ботканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбъа, аз 11 то 17 сентябри соли равон, дар шаҳри Бодканди вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар доираи вохӯрӣ, ҷонибҳо муҳокимаро идома дода, оид ба тавсифи минтақаҳои боқимондаи хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули пешниҳодҳо намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.