Сентябр 24, 2024 09:31 Asia/Dushanbe
  • Лимити барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд
    Лимити барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуд

Ширкати “Барқи Тоҷик” бо такя ба назари мутахассисони соҳа гуфтааст, соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ мешавад.

Ба гузориши “Спутник”, ширкати “Барқи Тоҷик” сар аз 22 сентябр дар хусуси маҳдудияти барқ иттилоъ дод.

Ин ширкат сабаби ин тасмимро сол аз сол афзоиш ёфтани талаботи мардум ба барқ ва зимистони сарди имсол, ки эҳтимоли кам шудани оби дарёи Вахшро ба дунбол дорад, донист.

Ба гуфтаи масъулони "Барқи Тоҷик", таҷрибаи солҳои қаблӣ нишон медиҳад, ки барои таъмини босифати барқ дар мавсими сармо, ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ дар давраи нисбатан гарм будани ҳаво барои мардум мушкилоти зиёде намеорад.

Ҳамзамон аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки ба давраи зимистони соли ҷорӣ омодагии ҳамаҷониба бинанд ва дар мавсими тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфаҷӯёна истифода намоянд.

“Барқи тоҷик” дақиқ нагуфт, ки дар як шабонарӯз сокинон бо чанд соат нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. 

Дар ҳамин ҳол, аҳолии минтақаи Тоҷикистон гуфтаанд, ки шурӯъ аз рӯзи 20-уми сентябр “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст ва дар як шабонарӯз 8-10 соат барқ доранд.

Ба гуфтаи аҳолӣ, барқ субҳ аз соати 5:00 рӯшан шуда, соати 8:00 хомӯш мешавад ва бегоҳ аз соати 17:00 то соати 22:00 фурӯзон хоҳад буд.

 

 

Барчасп