Таъкид бар мубодилот бо асъори миллӣ дар нишасти сарони 9 кишвари ИДМ дар Маскав
(last modified 2024-10-09T05:30:23+00:00 )
Октябр 09, 2024 10:30 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар мубодилот бо асъори миллӣ дар нишасти сарони 9 кишвари ИДМ дар Маскав

Иҷлоси сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бо ҳузури руасои ҷумҳури Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистону Узбекистон рӯзи сешанбе дар Маскав баргузор шуд, нишасте, ки дар он Владимир Путин бо ёдоварии хотироти пирӯзиҳои муштараки ин кишварҳо аз зарурати тақвияти мубодилот бо арзҳои миллӣ сухан гуфт.

Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус, Содир Ҷабборов, раисиҷумҳурии Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ва Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.

Раисиҷумҳури Русия дар идома бо ишора ба аҳаммияти тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои ИДМ, бар зарурати истифода аз асъори миллӣ дар пардохтҳои мутақобил таъкид кард.