Баргузории Конфронси байналмилалии зиддитерроризм дар Кувайт бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
(last modified Mon, 04 Nov 2024 13:42:18 GMT )
Ноябр 04, 2024 18:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории Конфронси байналмилалии зиддитерроризм дар Кувайт бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикстон дар Конфронси байналмилалии зиддитерроризм дар Кувайт ширкат кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, 4 ноябр дар шаҳри Ал Кувайти кишвари Кувайт, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе» ширкат ва суханронӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ҳавзаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ донист.

Вай таъкид кард, ки конфронси имрӯза ба миқёс ва таъсири “Раванди Душанбе оид ба мубориза ба терроризм ва маблағгузории он” тавсеаи бештар хоҳад бахшид.

Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) мусоидат менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи ширкаткунандагон дар ин конфронси байналмилалиро ба масоили марбут ба ифротгароӣ, барангехтани кина ва адовату низоҳои мазҳабӣ дар ҷомеъа ва даъвати ҷавонон ба анҷоми ҷиноятҳои террористии мусаллаҳонаи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ ҷалб кард ва таъкид кард, ки масъулон ва коршиносон, ин мавзӯро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода ва барои ҳалли онҳо тадбирҳои муассир биандешанд.

 

Барчасп