Зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Кувайт муаррифӣ шуд
(last modified Wed, 06 Nov 2024 06:41:34 GMT )
Ноябр 06, 2024 11:41 Asia/Dushanbe
  • Зарфиятҳои гардишгарии Тоҷикистон дар Кувайт муаррифӣ шуд

Дар таърихи 4 ноябр, дар ҳошияи сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиши саноатӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Кувайт дар шаҳри Ал Кувайти кишвари Кувайт баргузор шуд.

Ба навиштаи сомнаи Ховар, дар доираи ҳамоиш зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон барои саёҳатҳои экологӣ, аграрӣ, табобатию солимгардонӣ, гастрономӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангию таърихӣ, сайёҳии варзишӣ, саноатию тиҷоратӣ муаррифӣ гардид. 

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 200 ширкати сайёҳӣ дар зиёда аз 50 хатсайр фаъолият дошта, гардишгарон барои шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон аз тамоми гӯшаву канори дунё сафар менамоянд.

Дар ин замина намояндагони бахши иқтисодии Давлати Кувайт, аз ҷумла масъулони соҳаи сайёҳӣ барои ҳамкорӣ ва таъсиси хатсайрҳои сайёҳӣ аз ду ҷониб- Кувайт ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон ба Кувайт бо ҷалби дӯстдорони сайру саёҳат изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Дар намоишгоҳ анвои зиёди маҳсулоти саноатӣ ва зарфияту имконияти сайёҳӣ ба маъраз гузошта шуд. Иштирокдорони форум дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ бо зарфияту имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос гардиданд.

 

Барчасп