Тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Малайзия
(last modified Wed, 20 Nov 2024 06:48:15 GMT )
Ноябр 20, 2024 11:48 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Малайзия

Тақвияти равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Малайзия, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар таърихи 18 ноябр, дар шаҳри Куала Лумпури кишвари Малайзия, дидори ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Кристина Ти, раиси Федератсияи байналмилалии палатаи савдои Малайзия дар ҳошияи ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Малайзия баргузор гардид. Дар ин дидор мушаххас шуд, ки Тоҷикистон тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд бо кишварҳои ҷануби шарқи Осиёро яке аз масирҳои авлавиятдор барои дастрасӣ ба бозори сармоя, фанноварӣ ва маҳсулоти саноатӣ медонад.