Бозҷӯӣ аз духтари раисиҷумҳури собиқи Узбакистон дар Тошканд
(last modified Mon, 16 Jan 2017 15:05:09 GMT )
Январ 16, 2017 20:05 Asia/Dushanbe
  • Бозҷӯӣ аз духтари раисиҷумҳури собиқи Узбакистон дар Тошканд

Пас аз интишори хабари фавти Гулнора Каримова, расонаҳо аз бозҷӯии духтари раисиҷумҳури собиқи Узбакистон аз сӯи намояндагони додситонии Швейтсария хабар доданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва Симо, нашрияи “Wall Street Journal” зимни эъломи бозҷӯии Гулнора Каримова-духтари Ислом Каримов, иллати бозҷӯии вай пулшуӣ ва фасоди молӣ будааст.

Гулнора Каримова моҳи гузашта дар Тошканд ба пурсишҳои додситонҳои Швейтсария посух гуфтааст.

Расонаҳои Узбакистон рӯзи 22 ноябри соли 2016 эълом карданд, ки Гулнора Каримоваи 44 сола заҳролудшавӣ, панҷуми ноябр даргузашта ва дар Тошканд ба хок супурда шудааст.

Гулнора Каримова, духтари бузурги раисиҷумҳури пешини Узбакистон пештар ба унвони ҷонишини эҳтимолии Каримов талаққӣ мешуд, вале чанд сол пеш нуфузи сиёсии худро аз даст дод ва аз соли 2014 дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт.

Каримов нахустин раисиҷумҳури Узбакистон дар синни 78 солагӣ дар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

 Акнун Шавкат Мирзиёев -раисиҷумҳури нави Узбакистон аст.