Дидори вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо намояндаи давлати Сурия ва намояндагони мухолифон
(last modified 2017-01-23T10:34:41+00:00 )
Январ 23, 2017 15:34 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо намояндаи давлати Сурия ва намояндагони мухолифон

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар Остона бо намояндаи давлат ва намояндагони мухолифони Сурия, ки барои ширкат дар иҷлоси Остона ба Қазоқистон сафар кардаанд, ҷудогона дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ғайрат Абдулраҳмонов, вазири умури хориҷаи Қазоқистон дар дидор бо Башшор Алҷаъфарӣ, раиси ҳайъати намояндаи давлати Сурия дар музокироти Остона гуфт: Иҷлоси остона гоми муҳиме барои пешбурди даври баъдии музокироти Женева бо ҳимояти Созмони милали муттаҳид аст.

Абдулраҳмонов гуфт: Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳур ва давлати Қазоқистон ҳамчунон ба талошҳои худ барои кумак ба иқдомоте, ки дар арсаи байналмилалӣ барои ҳалли буҳрони Сурия сурат мегирад, идома хоҳанд дод ва кушиш мекунанд, кумакрасонӣ ба мардуми Сурия осон шавад.

Нишасти Остона, ки 23 ва 24 январ баргузор мешавад, ҳадафҳое чун тасбити оташбас, рӯёрӯии муассир бо терроризм ва оғози гуфтугӯҳои сурӣ-сурии байни давлат ва муоризони Сурияро дар дастури кори худ дорад, ки муқаддамоти дастёбӣ ба роҳҳалли сиёсии буҳрони ин кишварро фароҳам мекунад.