Январ 24, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Де Мистура: Имкони тамдиди музокироти Остона вуҷуд дорад

Намояндаи вижаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия аз имкони тамдиди музокироти сулҳи ин кишвар дар Остонаи Қазоқистон хабар додааст.

Ба иттилои Presstv, Стаффан де Мистура, ин суханонро дар ҳоле матраҳ кардааст, ки вай пештар, аз раванди омодасозии баёнияи ниҳоии гуфтугӯҳои Остона хабар дода буд.

Дар ҳамин ҳол Яҳё Алъаризӣ, сухангуи муоризони давлати Димишқ дар ин музокирот ба хабарнигорон гуфт, муоризон қасди имзои баёнияи поёнии музокироти Остонаро надоранд .

Дар музокироти рӯзи сешанбе ба ҷои намояндагони муоризони мусаллаҳ, намояндагони гурӯҳҳои сиёсии мухолифи Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия ҳузур доранд .

Эрон, Русия ва Туркия музокироти Остонаро бо ҳадафи пайдо кардани роҳҳалле сиёсӣ барои муноқишаи низомии тақрибан шашсолаи Сурия созмондиҳӣ карданд .

Эрон, Русия ва Туркия моҳи гузашта дар бораи раванди тахлияи муоризон ва гурӯҳҳои террористӣ аз манотиқи шарқии шаҳри Ҳалаб тавофуқ карданд, ба дунболи тахлияи  муоризони мусаллаҳ, ҳамчунин дар паи тавофуқе дигар миёни ин се кишвар, оташбаси саросарӣ дар Сурия барқарор шуд .

Дар ҳамин ҳол Содиқи Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон ва Башшор Алҷаъфарӣ, раиси ҳайъати намояндаи давлати Сурия рӯзи сешанбе дар ҳошияи музокироти сурӣ-сурӣ дар шаҳри Остона, дар бораи мавзуъҳои матраҳшуда дар рӯзи нахусти ин музокирот гуфтугӯ карданд .

 

Барчасп