Феврал 08, 2017 14:23 Asia/Dushanbe
  • Таҳияи нақшаи роҳбурдӣ барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон аз таҳияи нақшаи роҳбурдии муштарак бо Қирғизистон барои пешгирӣ аз танишҳои марзии байни ду кишвар хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузории Ховар, ин барномаи корӣ бар асоси натоиҷи дидори фармондеҳи неруҳои марзбонии Тоҷикистон ва раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба тозагӣ таҳия ва барои иҷро ба неруҳои марзбонии вилоятҳои Ботканд ва Суғд ирсол шудааст.

Раҷабалии Раҳмоналӣ фармондеҳи неруҳои марзбонии Ҷумҳури Тоҷикистон ва Мирбек Қосимқулов раиси хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон чанд рӯз пеш дар вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо якдигар дидор карданд.

Дар ин дидор ду тараф дар бораи авзои марзи муштарак ва дигар манотиқи марзии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули назар ва дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Пешгирӣ аз ихтилофот ва даргириҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуд дар ин замина аз муҳимтарин меҳварҳои ин дидор буд.

 

Барчасп