Тавофуқи Эрон, Русия ва Туркия бар ташкили кумитаи назорат бар оташбаси Сурия
(last modified 2017-02-17T14:59:31+00:00 )
Феврал 17, 2017 19:59 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон, Русия ва Туркия бар ташкили кумитаи назорат бар оташбаси Сурия

Ҳайатҳои Эрон, Русия ва Туркия ба унвони бониёни нишасти сурӣ - сурӣ дар музокироти Остона- 3, барои ташкили кумитаи амалии назорат бар иҷрои оташбас дар Сурия мувофиқат карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, дар ин нишаст, ки рӯзи панҷшанбе дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, афзун бар ҳайатҳои се кишвари масъулу зомини оташбаси фарогир, ҳайатҳои давлат ва мухолифони мусаллаҳи Сурия, Қазоқистон ба унвони мизбон, Созмони милал ва Урдун ширкат доштанд ва Амрико ҳам ба унвони нозир ҳузур ёфт.

Александр Ловрентев, намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия ва сарпарасти ҳайати русӣ дар бораи содир нашудани баёнияи муштараки поёнӣ гуфт, матни танзимшуда то ҳудуди зиёде шабеҳи баёнияи иҷлоси бистучаҳоруми январ буд, бино бар ин тасмим гирифта шуд, дар музокироти Остона- 3 масоили маҳдуд ба сурати машруҳ мавриди гуфтугӯ қарор гирад.

Мақоми русӣ ҳамчунин бар ин нукта таъкид кард, ки асноди марбут ба кумитаи амалии назорат бар оташбас баъд аз ниҳоӣ шудан мавриди пазириши ҳамаи тарафҳо, аз ҷумла давлати Сурия ва норозиёни мусаллаҳ қарор гирад.

Дар музокироти Остона, ки ба ибтикори Эрон, Русия ва Туркия се даври он баргузор шудааст, барои нахустин бор намояндагони давлат ва чандин гурӯҳ аз мухолифони мусаллаҳи имзокунандаи паймони оташбаси фарогир дар Сурия рӯ дар рӯ музокира мекунанд.

Сеюмин даври ин музокирот барои таъйини созукори назорат бар оташбас ва ташкили гурӯҳи кории Қонуни асосии ҷадиди Сурия дирӯз (панҷшанбе) дар Остона баргузор шуд.