Феврал 27, 2017 14:49 Asia/Dushanbe
  • Тасмими ширкати ҳавопаймоии Узбакистон барои анҷоми парвоз ба Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии “Узбакистон ҳаво йулларӣ” эълом кард, ки аз моҳи апрел ба парвозҳо дар масири ҳавоии Тошканд – Душанбе – Тошканд оғоз мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Uzdaily”, ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои сешанбе ва шанбе анҷом хоҳад шуд.

Тасмими ширкати ҳавоии “Узбакистон ҳаво йулларӣ” барои анҷоми парвоз ба Душанбе дар ҳолест, ки парвози ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” дар масири Душанбе – Тошканд ба иллати дарёфт нашудани тавофуқи ҷониби Узбакистон анҷом нашуд ва то ҳол дар ин бора музокира идома дорад.  

Ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” рӯзи 10-уми феврал як парвози озмоишӣ дар масири Душанбе – Тошканд – Душанберо анҷом дод ва эълом кард, ки аз 20-уми феврал ба парвозҳои мунтазам дар ин масир шурӯъ мекунад. Аммо ҷониби Узбакистон рӯзи 20-уми феврал ба парвози эъломшудаи "Сомон Эйр" дар ин рӯз иҷоза надод ва бо ирсоли як номае ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" - ро муқассир донист, ки танҳо як рӯз қабл аз парвози эъломшуда, аз Тошканд барои он парвоз иҷоза пурсидааст, ки фурсат барои гирифтани иҷозати тамоми идораҳои зирабт, аз ҷумла Хадамоти амнияти миллӣ ва нерӯҳои дифои зиддиҳавоии артиши Узбакистон нокофӣ буд.

Маврид ба зикр аст, ки дар моҳи ноябри соли 2016 мақомоти ҳавоии Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Душанбе ба созишномае имзо карданд, ки бар асоси он, мебоист парвозҳо байни Тошканду Душанбе баъди ҳудудан 25 сол, аз моҳи январи соли 2017 азсар гирифта мешуд. Бар асоси ин созишнома, парвозҳо байни ду пойтахт бар усули баробарӣ, байни ширкатҳои ҳавоии ду кишвар тақсим шуда, аз ҷониби Узбакистон барои анҷоми парвозҳо ширкати миллии “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” ва аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” интихоб шуд.

Иртиботи ҳавоӣ байни Узбакистону Тоҷикистон дар соли 1992 аз сӯйи Тошканд қатъ шуда буд.

 

Барчасп