Март 09, 2017 20:03 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти такрории мухолифони давлати Қирғизистон дар Бишкек

Мухолифони давлати Қирғизистон дар Бишкек таҷаммуи эътирозомез баргузор карданд.

Ба гузориши ИРНА, тарафдорони Омурбек Текебоев, раҳбари мухолифони давлати Қирғизистон, ки теъдоде аз намояндагони маҷлиси ин кишвар низ дар миёни онҳо ҳастанд, имрӯз барои сеюмин бор бо таҷаммуи эътирозомез дар Бишкек, озодии Текебоевро хостор шуданд.

Омурбек Текебоев, раҳбари мухолифони давлати Қирғизистон феврали соли 2017, баъд аз бозгашт аз Маҷмаи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба иттиҳоми дарёфти ришва боздошт шуд.

Муътаризон муътақиданд, боздошти Текебоев сирфан бо ангезаҳои сиёсӣ ва дар ҳоле сурат гирифтааст, ки вай ба унвони узви порлумон аз ҳаққи масуният бархӯрдор аст.

Додгоҳи ноҳияи Бишкек қарор буд имрӯз дар мавриди сарнавишти Текебоев тасмим бигирад.

Дар сурати маҳкум шудани Текебоев, вай аз ҳаққи масунияти порлумонӣ ва ҳатто аз ҳаққи ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии имсол ҳам маҳрум хоҳад шуд.

Текебоев чанде пеш бозрасӣ аз раиси ҷумҳурӣ ва аъзои хонаводаашро дар мавриди даст доштан дар фасоду ришвахорӣ хостор шуда буд.

 

Барчасп