Ислоҳоти густарда дар полиси Ӯзбакистон
Раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон қонуни ислоҳот дар полиси ин кишварро имзо кард.
Ба гузориши радиои ӯзбакии Садо ва Симои Эрон, бар асоси қонуни ҷадид, тағйироти густардае дар сохтору тарзи бархурди полиси Ӯзбакистон бо шаҳрвандон сурат хоҳад гирифт.
Риояти ҳуқуқи шаҳрвандӣ, муқобила бо рафтори ношоиста ва ришвагирӣ, назорати густарда бар рафтори нерӯҳои полис ва посухгӯии полис ба шикоятҳо, аз ҷумлаи мавориди матраҳшуда дар қонуни ҷадид аст.
Бар асоси қонуни ислоҳот дар полиси Ӯзбакистон, нерӯи полиси ин кишвар дар муқобила бо таҳдидоти терроризм ва ифротгароӣ масъул ва посухгӯ аст.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин қонун идораи ҳамкориҳои байналмилалии полиси Ӯзбакистон барои афзоиши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа ташкил хоҳад шуд.
Назорати густардае низ бар раводидҳои шаҳрвандони ӯзбакистонӣ ва атбои дигар кишварҳо, ки ба Ӯзбакистон сафар мекунанд, сурат хоҳад гирифт.