Сафари Путин ба Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i15806-Сафари_Путин_ба_Қирғизистон
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд, то дар нишасти сарони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кунад. Ин дуввумин дидори Путин аз Қирғизистон дар соли 2017 аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 15, 2017 16:45 Asia/Dushanbe
  • Сафари Путин ба Қирғизистон

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа вориди Бишкек, пойтахти Қирғизистон шуд, то дар нишасти сарони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва нишасти Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ширкат кунад. Ин дуввумин дидори Путин аз Қирғизистон дар соли 2017 аст.

Сафари Путин ба Қирғизистон дар воқеъ дар ростои ду мулоҳизаи умдаи Русия дар Осиёи Марказӣ, яъне мулоҳизот ва манофеи иқтисодӣ ва мулоҳизоту манофеи амниятӣ сурат гирифтааст. Дар ин росто шоҳиди он будем, ки кохи Кремлин дар баёнияе эълом кард, ки мавзуи нишасти Авруосиё, ки шомили Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аст, ҳазфи мавонеи тиҷорӣ миёни ин кишварҳост .

Мавзуи нишасти паймони амнияти ҷамъӣ низ, ки шомили Русия, Беларӯс, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, тақвияти ҳамкорӣ дар бораи масоили амнияти минтақаӣ унвон шудааст .

Дар воқеъ Қирғизистон дар ҳалқаи нахусти кишварҳои дорои аҳаммият барои Русия қарор доранд, ки ин масъала ба сароҳат дар докторини сиёсати хориҷии ҷадиди Русия, ки дар ноябри 2016 эълом шуд, зикр шудааст .

Ин кишварҳо мавсум ба кишварҳои ҳавзаи хориҷи наздик, шомили ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ҷумҳуриҳои Қафқози ҷанубӣ ва кишварҳои Украина, Беларус ва Молдова мешаванд ва аз аҳаммияти дараҷаи аввал дар арсаи сиёсати хориҷӣ ва амниятии Русия бархурдор ҳастанд .

Маскав дар мавриди кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон аҳдофи мухталиферо дунбол мекунад. Дар ваҳлаи нахуст ҳадафи Маскав афзоиши муровидоти амниятӣ ва низомӣ бо ин кишварҳо бавижа он даста аз ин кишварҳост, ки узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ҳастанд.

Дар ин чорчуб, кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон аз аъзои дерпои ин созмони амниятӣ маҳсуб мешаванд ва ҳануз ҳам равобити густардаи низомӣ бо Русия доранд. Комо инки нерӯҳои низомии Русия, ки аз давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд, камокон дар ду даҳаи ахир бавижа дар нуқоти марзии Тоҷикистону Афғонистон ҳузури пурранге доранд .

Аз сӯи дигар, давлати Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба мухолифати шадиди Маскав бо идомаи ҳузури низомии Амрико дар ин кишвар, саранҷом дар июни 2014, пойгоҳи ҳавоии Манасро, ки солҳо дар ихтиёри нерӯи ҳавоии Амрико барои анҷоми парвозҳо ба мақсади Афғонистон буд, таътил кард .

Ин пойгоҳ ба муддати беш аз 12 сол маҳалли транзити таҷҳизот ва ниёзҳои логистикии низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон буд. Дар ҳавзаи иқтисодӣ низ Русия бо ташкили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар чанд соли ахир талошҳои қобили таваҷҷуҳеро барои узвияти кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин созмони иқтисодии минтақаӣ анҷом додааст ва дар ин чорчуб акнун ду кишвари Осиёи Марказӣ, яъне Қирғизистону Қазоқистон ба аъзои собити ин ниҳоди иқтисодӣ табдил шудаанд .

Ҳадафи русҳо ин аст, ки бо тарвиҷ ва густариши табодулоти тиҷориву иқтисодӣ дар ҳавзаи кишварҳои Ҳамсуд битавонад дар муқобили Иттиҳоди Аврупо, ба афзоиши сатҳи равобит ва пайвандҳои иқтисодӣ ва тиҷории байни кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бипардозад .

Аммо масъалаи дигар барои Русия ҷилавгирӣ аз афзоиши ҳузури таъсиргузори қудратҳои фароминтақаӣ бавижа Амрико ва Иттиҳоди Аврупо дар ин кишварҳо аст. Асосан ҳаргуна ҳузури низомӣ ва амниятии хориҷӣ дар ин кишварҳо аз ҷумла эҷоди пойгоҳи низомӣ, аз дидгоҳи Русия ба масобеҳи хатти қирмизе барои амнияти миллии ин кишвар маҳсуб мешавад .