Апрел 20, 2017 12:12 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев гуфт, қазоқҳо танҳо ҳангоми азодорӣ либоси сиёҳ мепӯшанд.
    Назарбоев гуфт, қазоқҳо танҳо ҳангоми азодорӣ либоси сиёҳ мепӯшанд.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод кард, ки гузоштани риш барои ҷавонону пӯшидани ниқоб барои духтарон дар ин кишвар мамнӯъ шавад.

Ба гузориши “Русия-ал-явм”, дафтари матбуотии раиси ҷумҳурии Қазоқистон пас аз мулоқоти Назарбоев бо намояндагони Шӯрои мусалмонони ин кишвар, бо интишори баёнияе гузоштани ришу пӯшондани чеҳра бо ниқобро хилофи суннатҳои иин кишвари исломӣ донист.

Назарбоев бо баёни ин ки қазоқҳо танҳо ҳангоми азодорӣ сиёҳ мепӯшанд, таъкид кардааст, бояд мавзӯи мамнӯъ шудани гузоштани ришу пӯшидани ниқоб баррасӣ шавад.

Қазоқистон паҳновартарин кишвари исломӣ аст ва аксарияти мардуми ин кишвар мусалмон ҳастанд.

 

Барчасп