Худравҳои ӯзбакистонӣ ба Тоҷикистон меоянд
Дар чорчӯби Анҷумани касбу кори маҳофили тиҷории Тоҷикистону Ӯзбакистон, ки рӯзи 19-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, чанд тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни муассисоти ду кишвар ба имзо расид.
Ба гузориши маркази матбуотии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар чорчӯби кори ин анҷуман тавофуқ бар сари арзаи худравҳои савории ӯзбакистонӣ аз сӯйи намояндагони ширкатҳои саҳҳомии “Ӯзсавдосаноат”-и Ӯзбакистон ва “Лизинвест”-у “Тоҷмоторс” –и Тоҷикистон ба имзо расид.
Ҳамчунин мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни утоқҳои бозаргонии Тоҷикистону Ӯзбакистон ва ёддошти тафоҳум дар мавриди арзаи манобеи маъданӣ байни ширкати саҳҳомии шакли пӯшидаи “Транснефтгаз Глобал Сервис”-и Ӯзбакистон ва ширкати “Ғаюр”-и Тоҷикистон имзо шуд.
Тарафайн ҳамчунин як протокол дар робита бо иҷрои тарҳи тавлиди маводи ғизоӣ байни ширкатҳои “UZbekozikovkot Hodding”-и Ӯзбакистон ва “Iktidor”-и Тоҷикистон имзо карданд.
Пас аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар моҳи сентябри соли 2016 ва рӯйи кор омадани давлати ҷадид дар Тошканд равобити ин ду кишвари ҳамсоя беҳбуд ёфтааст.