Апрел 22, 2017 21:10 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Қазоқистон ба дунболи афзоиши ҳамкориҳои роҳбурдӣ

Даври ҷадиди музокироти байни вазирони умури хориҷаи Тоҷикистону Қазоқистон бо табодули аснод бо ҳадафи широкати стратегии ду кишвар анҷом шуд.

Ин аснод дар поёни музокироти Сироҷиддин Асл‌ов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ғайрат Абдулраҳмонов, ҳамтои қазоқистонии вай ба имзои дутараф расид .

Дар дидори дипломатҳои аршади Тоҷикистону Қазоқистон ҳамчунин бархе таҳаввулоти ҷории минтақа ва низ дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баҳсу табодули назар қарор гирифт, аммо таъкиди дутараф бар таомули Душанбе ва Остона дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар бархе масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ, меҳвари аслии гуфтугуи мақомоти ду кишвар буд. Бавижа, ки масоили марбут ба таъмини амнияти минтақа ва ҳамоҳангии дутараф дар мубориза бо таҳдидоту чолишҳои амниятӣ бахши дигаре аз ин гуфтугӯҳо буд .

Воқеият он аст, ки дар ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон густариши ҳамкорӣ ва муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ аз ҷумла сармоягузорӣ ва тақвияти санъати ҳамлу нақл ва иртибототи ду кишвар аз аҳаммияти вижае бархурдор аст .

Дидори вузарои хориҷаи Қазоқистону Тоҷикистон ва табодули асноди марбут ба ҳамкории стратегии ду кишвар пас аз имзои тавофуқномаи ҳамкории стратегии байни Қазоқистону Тоҷикистон дар ноябри соли гузашта миёни руасои ҷумҳури ду кишвар ҳокӣ аз иродаи Остона ва Душанбе барои табйин ва таърифи ҳамкории ду кишвар бар асоси усул ва таорифи ҳамкории стратегӣ дар адабиёти сиёсӣ аст. Бахусус, ки тибқи таъриф, ҳамкории стратегӣ метавонад таваҷҷуҳи маҳдуд ба корбурди қудрати низомӣ, ба коргирии авомили равонӣ, парҳез аз зӯр ва хушунат то сарҳади имкон ва баҳрагирӣ аз ташвиқ, тарғиб, танбеҳ ва мусолиҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои найл ба таъмин ва ҳифзи амният ва манофеъ ва аҳдофи миллии ҳар як ду кишвари муттаҳид бошад.

Акнун Тоҷикистону Қазоқистон дар ибтидои чунин масире қарор доранд. Лизо ин умедворӣ назди раҳбарони Душанбеву Остона шакл гирифтааст, ки дар гоми аввал аз ҳамкорӣ, ду кишвар битавонанд зимни фоиқ омадан бар буҳронҳои амниятӣ, ҳамкориҳоӣ иқтисодӣ, тиҷорӣ ва бозаргонии фимобайнро дар бистаре ҷадид аз ҳамкорӣ таъриф кунанд. Бадеҳист, ин ҳадаф муҳаққақ нахоҳад шуд, магар онки Қазоқистону Тоҷикистон бо боло бурдани сатҳи равобити байни Остона ва Душанбе  ба стандартҳои ҳамкориҳои стратегӣ наздик шаванд.

Ин тавофуқнома ҳамчунин зимни ишора ба густариши ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон дар заминаҳои низомиву фаннӣ бар афзоиши сатҳи муносиботи тиҷорӣ ва иқтисодӣ, дифои маданӣ ва энержии ду кишвар низ таъкиди вижа дошт ва аз ин рӯ буд, ки ниҳодҳои қонунгузори ду кишвар андаке пас аз имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои стратегии раҳбарони ду кишвар ин тавофуқномаро тасвиб карданд, то иродаи раҳбарони ду кишвар дар мсири ҳамкориҳои стратегии Қазоқистону Тоҷикистон, ки дар адабиёти сиёсӣ аз он баунвони олитарин сатҳи ҳамкории миёни ду бозигари байналмилалӣ ном бурда мешавад, манъи қонунӣ вуҷуд надошта бошад. Рӯйкарде, ки акнун вузарои хориҷаи ду кишварро ба табйин, тадвин ва танзими асноди марбут ба аҳдоф ва барномаҳои пешбинишуда тарғиб кардааст .