Апрел 23, 2017 09:40 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти ду афсари пулиси Қазоқистон ба иттиҳоми ғорати ронандагони тоҷик

Додгоҳи ноҳияи Ҷамбули Қазоқистон бо муқассир донистани ду афсари пулиси ин минтақа ба далели ғорати ронандаҳои Тоҷикистон, ҳар як аз ин дуро ба 3, 5 сол зиндон ва барои ҳамеша аз ҳаққи кор дар ниҳодҳои давлатӣ маҳрум карда ва барои мусодираи молу мулкашон амр додааст.

Ба гузориши сомонаи қазоқистонии “Қонун”, Халифа Косолев қозии ин додгоҳ гуфтааст, ки ин ду афсари пулис бо суиистифода аз мақоми хеш иқдом ба ғорати 4 ронандаи тоҷикистонӣ кардаанд ва иттиҳоми онон бар асоси шавоҳид ва мадорик собит шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми қазоӣ, ин ду афсари пулис дар моҳи ноябри соли 2016 ба ҳадафи ғорати 4 ронандаи Тоҷикистон, ки аз онон идомаи масирро пурсида буданд, қасдан тоҷиконро ба бунбаст роҳнамоӣ ва бо гирифтани маблағи 3 ҳазор доллар аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Бо шикояти ронандагони тоҷик ин ду афсар ва як нафар аз шарикони онон боздошт шуда ва бо ҳукми додгоҳ ин ду маҳкум ба зиндон ва нафари сеюм ба таври машрут озод гардидааст.

Қаблан низ бархе аз ронандагони Тоҷикистон аз вуҷуди мавориди ғорати амволи хеш аз тарафи кормандони пулиси Қазоқистон шикоят кардаанд. Аммо ин барои бор нахуст аст, ки ду афсари пулиси Қазоқистон ба иттиҳоми ғорати ронандагони Тоҷикистон ба зиндон маҳкум мешаванд.