Май 04, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳамаи он чӣ дар нахустин рӯзи нишасти Сурия дар Остона гузашт

Нахустин рӯз аз чаҳорумин даври ройзаниҳо дар бораи буҳрони Сурия бо ҳузури намояндагони Эрон, Русия ва Туркия дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ҳайатҳои Эрон, Русия, Туркия ва Созмони милали муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе дар поёни нахустин рӯзи нишасти Сурия дар Остона, пойтахти Қазоқистон дар бораи раванди оташбас ройзанӣ карданд.

Музокиракунандаи Русия дар ин нишаст гуфт, Маскав умедвор аст дар музокироти рӯзи панҷшанбе бар сари ёддошти тафоҳуми эҷоди чаҳор минтақа бидуни даргирӣ дар Сурия тавофуқ ҳосил шавад.

Дар ҳамин ҳол эълом шуд, ки нахустин рӯзи нишасти Сурия дар Остонаи Қазоқистон бо коршикании муоризон ҳамроҳ будааст.

Гурӯҳҳои муориз бо тарки ҷаласа, хостори таваққуфи амалиёти низомӣ ва озодии зиндониёни худ шуданд ва бидуни ин ки дар бораи куштори мардуми Фуо ва Кафариё дар минтақаи Рошидини Ҳалаб тавзеҳ диҳанд, иттиҳоми истифодаи давлати Сурия аз таслеҳоти шимиёиро такрор карданд.

Стефан де Мистура, намояндаи Созмони милали муттаҳид дар умури Сурия низ бо ибрози таассуф аз афзоиши танишҳо, аз ҳамаи тарафҳо хост, танишзудоӣ ва эътимодсозиро меҳвари аслии гуфтугӯҳои рӯзи панҷшанбе қарор диҳанд.

Чаҳорумин даври музокироти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия рӯзи чаҳоршанбе оғоз шудааст ва имрӯз - панҷшанбе идома хоҳад дошт.

То кунун се даври музокироти сатҳи олӣ дар Остона ва ду даври музокироти коршиносӣ дар Теҳрону Остона баргузор шудааст.

Ин музокирот бо ибтикори Ҷумҳурии исломии Эрону ҳамкории Русияву Туркия бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия баргузор мешавад.

 

Барчасп