Парвози мустақим байни Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Покистон эълом кард, ба зудӣ бо роҳандозии парвозҳои мустақим ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, муқаддамоти густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишварҳо фароҳам хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сардор Маҳтоб Аҳмадхон, мушовири нахуствазири Покистон дар ҳавонавардӣ гуфт, Исломобод дар пайи боло бурдани тавони иқтисодии минтақаӣ ва афзоиши равобити тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсояи худ, парвозҳои мустақим бо кишварҳои Осиёи Марказиро роҳандозӣ мекунад.
Ин мақоми покистонӣ афзуд, парвозҳои мустақим ба Осиёи Марказӣ на фақат ҷойгоҳи байналмилалии ширкати ҳавопаймоии миллии Покистонро боло мебарад, балки тавони рақобати ин ширкат бо сойири ширкатҳои ҳавопаймоиро низ бештар хоҳад кард.
Вай таъкид кард, Покистон барои густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тамоми зарфиятҳои худ истифода мекунад.