Май 24, 2017 10:35 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шаҳрванди қирғизистонӣ бо шиносномаи тоҷикӣ дар марзи Сурия

Мақомоти амниятии Туркия фардеро бо шиносномаи тоҷикӣ ҳангоми убур аз марзи ин кишвар ва Сурия боздошт кардаанд, ки шаҳрванди Қирғизистон будааст.

Ба гузориши сайти Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ин ҷавони 23 -сола бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон, ба исми Ҳидоятуллоҳ Давлатов ба иттиҳом талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

 Ҳангоми бозҷӯӣ аз ин фард дар Вазорати дохилаи Тоҷикистон мушаххас шуда, ки вай шаҳрванди Қирғизистон бо номи аслии Ҳасанбой Қобилҷонуғлу, сокини ноҳияи Ӯзганд, аз тавобеи вилояти Ӯш аст.

Мақомоти Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба мақомоти интизомии Қирғизистон, ононро аз ин мавзӯъ мутталеъ кардаанд.

Ахиран мавориди истифодаи гурӯҳи террористии ДИИШ аз шиносномаҳои шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафтуомади аъзои ин созмони такфирӣ афзоиш ёфтааст.

Дар ҳодисаи ҳамлаи инфиҷорӣ ба сохтмони Сафорати Чин дар Қирғизистон дар рӯзи 30-юми августи соли 2016 низ аз шиносномаи ду шаҳрванди Тоҷикистон истифода шуда буд.

Агарчӣ мақомоти Вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфта буданд, ки ин 2 шаҳрванди тоҷикистонӣ дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ҳузур доранд ва мушорикати физикии онон дар ҳамлаи инфиҷорӣ ба сохтмони Сафорати Чин дар Қирғизистон ғайримумкин аст, аммо ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки омилони ҳамлаи террористӣ ба Сафорати Чин дар Қирғизистон аз шиносномаҳои атбои Тоҷикистон истифода карда бошанд.

 

Барчасп