Тағйири сиёсати Узбакистон дар қиболи Афғонистон
Бо шиддат ёфтан ноамниҳо дар Афғонистон, давлати ҷадиди Узбакистон рӯйкарди фаъол ва созандаеро дар қиболи Кобул дар пеш гирифтааст.
Маркази таҳқиқотӣ ва мутолеоти “The Jamestown Center” гузориш дод, давлати ҷадиди Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, ки соли гузашта ба қудрат расидааст, дар паи густариши равобити дипломатӣ ва иқтисодӣ бо ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ ба вижа Афғонистон аст .
Тибқи ин гузориш, яке аз далоили тағйири рӯйкарди Узбакистон, афзоиши ҳузури шибҳнизомиён дар вилоятҳои шимолии Афғонистон аст, ки боис шуда, сулҳу субот дар ин кишвар барои Тошканд аҳаммияти бештаре ёбад .
Дар чорчуби афзоиши ҳамкориҳо бо Афғонистон, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон январи имсол ба Кобул сафар кард ва ба мақомоти афғон гуфт, Тошканд дигар Кобулро ба унвони таҳдиди амниятӣ намебинад .
Сафари Комилов аввалин сафари вазири хориҷаи Узбакистон ба Кобул дар 20 соли гузашта буд .
Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 пас аз марги раисҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов ба қудрат расид, равобити ин кишварро бо Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон низ беҳбуд бахшидааст .