Июл 02, 2017 15:56 Asia/Dushanbe
  • Оғози равобити дипломатӣ миёни Қирғизистон ва Лубнон

Равобити дипломатии байни ҷумҳурии Қирғизистон ва Лубнон барои аввалин бор пас аз истиқлоли ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ оғоз шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, санади ҳамкории равобити дипломатии ду кишварро Миргул Молдосаева ва Навоф Салом, намояндагони доими Қирғизистон ва Лубнон дар мақарри Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк имзо карданд.  

Ин санад бар асоси қавонини Созмони милали муттаҳид ва бо таъкид бар эҳтироми мутақобил ба тақвияти сулҳ ва амният, эҳтиром ба истиқлоли якдигар, риояти тавофуқоти байналмилалӣ ва дахолат накардан дар умури дохилии кишварҳо танзим шудааст.  

Муносиботи Қирғизистон ва Лубнон ба сабаби қарор доштани ду кишвар дар ду минтақаи роҳбурдии Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна, аз назари маҳофили сиёсӣ дорои аҳаммият аст.

 

Барчасп