Нигаронии устондори Кунари Афғонистон аз ҳамкории бархе уламо бо ДИИШ
Устондори Кунар дар шарқи Афғонистон аз ҳамкории шуморе аз уламои ин устон бо гурӯҳи террористии ДИИШ ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Ово, Ваҳидуллоҳ Калимзай - устондори Кунар, рӯзи якшанбе дар нишасте дар шаҳристони Асадободи ин устон гуфт, бархе уламои устони Кунар бо ҳамкории гурӯҳи такфирии ДИИШ, ҷавононро ташвиқ мекунанд, то бо ин гурӯҳ бипайванданд.
Вай, аз ин уламо хост, барои муқобила бо ҳамалоти гурӯҳи террористии ДИИШ, бетафовут набошанд.
Устондори Кунар дар ҳоле аз нуфузи ДИИШ ва ҳамкории уламои дин бо ДИИШ дар ин устон сухан мегӯяд, ки пеш аз ин фармондеҳи пулиси Кунар низ аз ҳузури афроди мусаллаҳ ва вуҷуди марокизи омӯзиши террористҳо дар ин вилоят хабар дода буд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ дар бахшҳое аз Афғонистон аз ҷумла, дар манотиқи шарқии ин кишвар ҳузур доранд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ токунун муртакиби ҷиноёти зиёде дар Афғонистон шудааст.