Сарбозони ҷанги ҷаҳонии дувум дар Узбакистон аз пардохти пули сафари ҳаҷ озод шуданд
(last modified 2017-07-19T08:13:34+00:00 )
Июл 19, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Сарбозони ҷанги ҷаҳонии дувум дар Узбакистон аз пардохти пули сафари ҳаҷ озод шуданд

Ба дастури Шавкат Мирзиёеф, раиси ҷумҳурии Узбакистон, кӯҳнасарбозон (собиқадорони ҶБВ)-и ҷанги ҷаҳонии дувум дар ин кишвар, ки озими сафари ҳаҷ ҳастанд, аз пардохти маблағи ин сафар муоф шуданд.

Ба гузориши сомонаҳои русизабон, бар ин асос имсол 73 нафар аз узбакистониҳои ширкаткунанда дар ҷанги ҷаҳонии дувум ҳаҷҷи фарзиро ройгон анҷом хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, тамоми ҳазинаҳои сафари ин афрод аз сандуқи молии Шавкат Мирзиёеф пардохт мешавад.

Ҳамчунин ба дастури раиси ҷумҳурии Узбакистон ин афрод дар муддати сафари ҳаҷ аз хадамоти беҳдоштӣ ва доруӣ бархурдор хоҳанд буд.

Ҳазору 615 нафар аз кӯҳнасарбозони ҷанги ҷаҳонии дувум (Ҷанги Бузурги Ватанӣ) дар Узбакистон зиндагӣ мекунанд.

Имсол дар маҷмӯъ 13 ҳазору 200 шаҳрванди Узбакистон озими ҳаҷ хоҳанд шуд.