Июл 22, 2017 21:11 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дубораи раисҷумҳури Қазоқистон бар тадовуми мубориза бо ДИИШ

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон бар идомаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар таъкид кард.

Нурсултон Назарбоев дар нишасте бо ҳузури намояндагони ақаллиятҳои динӣ дар Остона гуфт: Нерӯҳои амниятии Қазоқистон ба муборизаи худ то нобудии террористҳо идома хоҳанд дод.

Изҳороти раисҷумҳури Қазоқистон дар заминаи идомаи мубориза бо гурӯҳҳои террористии ифротгаро дар ҳолест, ки вай пеш аз ин низ шаҳрвандони Қазоқистонро ба салби тобеият дар сурати ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ таҳдид карда буд .

Назарбоев дар рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ гуфта буд, он даста аз атбои Қазоқистон, ки ба гурӯҳҳои террористӣ назири ДИИШ бипайванданд, тобеияти ин кишварро аз даст хоҳанд дод. Ба гуфтаи вай, пеш аз ин низ давлати Остона иқдомоти пешгиронае дар бораи афроде, ки аз ДИИШ ҷудо шуда ва ба Қазоқистон бозгаштаанд, дар дастури кор қарор дода буд, аммо ин иқдомот натиҷабахш набуд. Раисҷумҳури Қазоқистон дар изҳороти ахири худ аз пайвастани 500 то 600 тан аз атбои Қазоқистон ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дода буд. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи декабри соли гузашта, Вазорати умури мазҳабӣ ва ҷомеаи мадании Қазоқистон аз омори 17 ҳазор нафарии пайравони ҷунбиши мавсум ба Салафия дар ин кишвар хабар дода буд .

Дар Қазоқистон пайравони фирқаи гумроҳи ваҳҳобият бо аҳли тасаннун муқоиса мешаванд ва аз онҳо бо унвони ҷунбиши Салафия ёд мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳафдаҳ ҳизор нафаре, ки дар Қазоқистон бо унвони пайравони мазҳаби Салафия муаррифӣ мешаванд, дар воқеъ вобаста ба фирқаи гумроҳи ваҳҳобият ҳастанд. Ин фирқаи гумроҳ, сохтаи Англия ва раҳбарони подшоҳии Саудӣ аст. Қидмати ин фирқаи гумроҳ камтар аз 200 сол ва ҳадафи таъсиси он, ба инҳироф кашондани исломи воқеӣ ва муаррифии қавонине муғойир бо дини мубини ислом аст.

Нуктаи ҷолибу қобили тааммул дар иртибот бо фаъолияти ваҳҳобиҳо дар Қазоқистон ин воқеият аст, ки ҳомиёни фирқаи гумроҳи ваҳҳобият бо тарфандҳое, ки аз рӯҳониюни арабистонӣ омӯхтаанд -пайравони мазҳаби шиа ва ҳатто аҳли тасаннунро такфир мекунанд.  Вҳҳобиҳо илова бар фаъолиятҳои таблиғотии мазҳабӣ ва динии худсохта, дар заминаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ низ фаъолиятҳои густардае доранд. Дар айни ҳол, ҳомиёни ин фирқа, аз анҷоми амалиёти террористӣ тарсу нигаронӣ надоранд.

Фақру бесаводӣ аз ҷумлаи илали аслии гароиши ҷавонони Қазоқистон ба ифротгароӣ аст. Баррасиҳои каршиносӣ нишон медиҳад, ки дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бештарин ҳомиёни созмонҳо ва гурӯҳҳои ифротии вобаста ба фирқаи гумроҳи ваҳҳобият ва гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар ихтиёр дорад.

Воқеиятҳо дар бораи илали рушди гурӯҳҳои ифротӣ нишон медиҳад, бисёре аз давлатҳои ҳоким бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ камтар ба мушкилоти иҷтимоӣ ва маишатии мардуми кишварашон таваҷҷуҳ мекунанд. Дар воқеъ, бетаваҷҷуҳӣ ва ё камтаваҷҷуҳии раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла давлати Қазоқистон ба вазъияти иқтисодиро бояд иллати гароиши нисбии ҷавонони ин кишвар ба гурӯҳҳои ифротӣ донист.

Дар маҷмуъ, бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои пай дар паи мақомҳои давлати Остона бавижа раисҷумҳури Қазоқистон ба идомаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ, интизор меравад, раванди бархурд бо фаъолиятҳои ин гурӯҳи террористӣ таи моҳҳои отӣ ташдид шавад .