Ҳазфи номи беш аз 4 000 нафар дар Узбакистон аз “рӯйхати сиёҳ”-и амниятӣ
(last modified 2017-07-28T10:36:36+00:00 )
Июл 28, 2017 15:36 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи номи беш аз 4 000 нафар дар Узбакистон аз “рӯйхати сиёҳ”-и амниятӣ

Дар пайи музокироти имомхатибони масоҷиди Узбакистон ва мақомоти маҳаллӣ дар ин кишвар номи 4 152 нафар аз феҳристи мавсум ба "рӯйхати сиёҳ" ҳазф шуд.

Ба гузориши  хабаргузории “Азия-плюс”, имомони масҷидҳо дар Узбакистон номи наздик ба 11 ҳазор нафарро барои ҳазф аз “рӯйхати сиёҳ” пешниҳод кардаанд, ки аз ин миён барои ҳазфи исмҳои 4 152 нафар аз ин феҳрист мувофиқат шуд.

Дар солҳои ахир мақомоти амниятӣ дар Узбакистон номи ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишварро дар «рӯйхати сиёҳ» сабт карда ва ин афрод таҳти назари ҳукумат буданд. Дар натиҷаи музокироти имомони масоҷид ва мақомоти маҳаллии Узбакистон афроде, ки қаблан узви гурӯҳҳои тундрав буда, баъдҳо аз узвият дар ин гурӯҳҳо ибрози пушаймонӣ кардаанд, аз ин “феҳрасти сиёҳ” хориҷ мешаванд. Ҳамчунин бархе афроде, ки собиқаи узвият дар гурӯҳҳои ифротиро надоштаанд, вале номи онҳо ба иштибоҳ дар “рӯйхати сиёҳ” ворид шудааст, аз ин феҳрист хориҷ шудаанд. Бинобар эъломи Идораи умури маънавии мусалмонони Узбакистон, дар ояндаи наздик низ афроди дигаре аз “листи сиёҳ” хориҷ хоҳанд шуд.

Имомони масҷидҳои Узбакистон бо дастури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар пас аз гуфтугӯ бо афроде, ки номи онҳо дар “листи сиёҳ” будааст, кафолату замонати онҳоро барои ҳазфи номҳояшон аз ин рӯйхат бар уҳда гирифтаанд.