Вазири умури хориҷаи Узбакистон: Тошканд омодаи гуфтугӯи созанда бо кишварҳои ҳамсоя аст
(last modified 2017-08-12T13:28:34+00:00 )
Август 12, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Узбакистон: Тошканд омодаи гуфтугӯи созанда бо кишварҳои ҳамсоя аст

Вазири умури хориҷаи Узбакистон гуфт, Тошканд омодаи гуфтугӯи созанда ва ҷустуҷӯи роҳи ҳал дар мавриди тамоми мавориди ихтилоф бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ба гузориши “Catoday”, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон дар конфронс байналмилалии “Осиёи Марказӣ аввлавияти аслии сиёсати хориҷии Узбакистон”, ки дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд, гуфт, Тошканд омодаи гуфтугӯи созанда ва ҷустуҷӯи роҳи ҳаллҳо дар заминаи шадидтарин мушкилот бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Комилов бо худдорӣ аз ташреҳи ҷузъиёт дар ин хусус гуфт, Тошканд тавониста фазои ҷадиди сиёсиро дар минтақа эҷод, сатҳи эътимод бо кишварҳои ҳамсояро афзоиш ва ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе дар арсаҳои мухталифи ҳамкорӣ бо ҳамсоягон даст ёбад.

Вай тасреҳ кард, Тошканд бо доштани марзи муштарак бо тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, алоқаманд ба табдили ин минтақа ба як минтақаи бо субот мебошад.

Комилов Осиёи Марказиро аз лиҳози иқтисодӣ шукуфо ва амниятро амре зарурӣ барои кишвараш донист ва бо истинод ба суханони Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳур ин кишвар гуфт, ҳеҷ проекти муҳимми минтақаӣ дар заминаи ҳамлу нақл, иртиботот ва энергиро бидуни таомулоти фаъол бо кишварҳои минтақа наметавон амалӣ сохт.

Вазири хориҷаи Узбакистон дар бахши дигаре аз суханони худ ибрози умедворӣ кард, Конфронси байналмилалии таъмини амният ва тавсеаи пойдори Осиёи марказӣ, ки қарор аст, узбакҳо таҳти назорати Созмони Милал дар моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Самарқанд баргузор кунанд, мавриди истиқбол қарор гирад.

Яке аз рӯйдодҳои таърихӣ, ки интизор меравад дар поёни ҳамоиши Самарқанд сурат гирад, тасвиби баёнияи муштараки бо дархост аз Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати тасвиби қатъномаи таъмини сулҳ, амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ мебошад.