Август 29, 2017 13:12 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти ахири Туркманистон таҳти таъсири нуфузи ДИИШ

Як манбаи хабарии минтақаӣ эълом кард, бархе таҳаввулоти ахир дар Туркманистон мутаассир аз нуфузи афроди ДИИШ ба қаламрави ин кишвар будааст.

Сомонаи русизабони “СА-нюз” бо истинод ба манобеи хабарӣ дар Туркманистон муддаӣ шуд, таназзули дараҷаи низомии Бигинч Гундогдиев, фармондеҳи Нерӯҳои марзбони Туркманистон аз генерал-майор ба полковник бо дастури раиси ҷумҳурии ин кишвар, ба иллат нуфузи афроди ДИИШ ба қаламрави ин кишвар будааст.

Ин гузориш меафзояд, гурӯҳе аз туркаманҳои узви ДИИШ миёнаҳои моҳи июли имсол аз марзҳои Афғонистон ба Туркманистон нуфуз карданд, ки агар чӣ нерӯҳои амниятӣ муваффақ шуданд бештари ононро дар вилоятҳои Охол ва Марв дастгир кунанд, аммо шуморе аз ин афрод муваффақ ба фирор ба дохили Туркманистон шуданд.

 Ҳамчунин гуфта мешавад, баргузории размоиши аз пеш барномарезинашудаи Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон бо ширкати шахси Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии ин кишвар низ дар ҳамон замон ба иллати нуфузи афроди ДИИШ будааст.

 

Барчасп