Таслим шудани диишиҳои тоҷику ӯзбаку озарӣ +АКС
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i22481-Таслим_шудани_диишиҳои_тоҷику_ӯзбаку_озарӣ_АКС
Даҳҳо террористи диишии аҳли ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон, ки аз Талъафар гурехта буданд, худро ба нерӯҳои курди ироқӣ (пешмаргаҳо) таслим карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 30, 2017 14:21 Asia/Dushanbe
  • Таслим шудани диишиҳои тоҷику ӯзбаку озарӣ +АКС

Даҳҳо террористи диишии аҳли ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Озарбойҷон, ки аз Талъафар гурехта буданд, худро ба нерӯҳои курди ироқӣ (пешмаргаҳо) таслим карданд.

Ба гузориши вебсайти Маркази фарҳангии Қафқоз, манобеи амниятии ироқӣ таъкид карданд, ин террористҳои диишӣ аз шаҳри ал-Айёзия, дар наздикии Талъафар фирор кардаву худро ба нерӯҳои пешмарга, ки дар шимоли ал-Айёзия ҳузур доранд, таслим карданд.

Ба гуфтаи Абдуламир Рашид Ёруллоҳ, фармондеҳи амалиёти озодсозии Талъафар, ҳамаи маҳаллаҳои марказии ин шаҳр ба ҷуз ноҳияи ал-Айёзия ва рустоҳои атрофи он озод шудаву нерӯҳои ироқӣ дар ҳоли пешравӣ ба сӯйи ин шаҳр ҳастанд.

Тасовире аз террористҳои таслимшуда дар расонаҳои ироқӣ мунташир шудааст.

Image Caption
Image Caption
Image Caption