Сентябр 09, 2017 19:12 Asia/Dushanbe
  • Номаи буддоиёни Қазоқистон ва Қирғизистон ба мақомоти Миёнмор

Буддоиёни Қазоқистон ва Қирғизистон бо ирсоли номае саркушода ба мақомоти Миёнмор, воқеаҳои ахири марбут ба мусулмонони Руҳингиёро дар ин кишвар ғайриинсонӣ тавсиф карданд.

Олег Тсой, раиси ҷомеаи буддоиёни “Чамсин”-и Қирғизистон, Алексей Шимгля, роҳиби мактаби буддои Қазоқистон ва Эрмат Каллиев, муҳаққиқи аршади Академияи омӯзишу парвариши Қирғизистон имрӯз (шанбе), бо ирсоли номае ба мақомоти Миёнмор аз вазъияти мусулмонон дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карданд.

Дар ин нома омадааст, рӯйдодҳои ахир дар Миёнмор вокунишҳои шадидеро дар тамоми ҷаҳон ба думбол дошт, ки дар сурати идома ҳам буддоиҳои дохили Миёнмор ва ҳам дар тамоми нуқоти ҷаҳонро таҳти зарба қарор хоҳанд гирифт, зеро амалиёти низомӣ дар Руҳингиё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бисёре аз расонаҳо ба унвони «наслкушии мусулмонон аз сӯи буддоииҳо» мунташир мешавад.

Дар ин росто буддоиҳои Осиёи Марказӣ, хостори таваққуфи фаъолитҳои Ашен Вриато,роҳиби буддоӣ ва созмони исломситези « Мабато», ки ҳамчунон ба густариши нафрат ва беэътибор кардани буддоиҳо идома медиҳанд, мебошанд.

Буддоиҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин бо хитоб ба мардуми Руҳингиё, мусулмонони Миёнмор ва тамоми ҷаҳон хостаанд, ки таҳти таъсири нафрат қарор нагиранд ва равишҳои беқайду шартеро барои ҳимоят аз каромати инсонӣ ва адолат интихоб накунанд.

Ба ақидаи буддоиҳои Осиёи Марказӣ, Созмони Милал ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳуқуқи тобеияти мардуми Руҳингиё ва баробарии онҳо бо соири ақвоми Миёнмор ҳимоят кунад, зеро ин муҳим метавонад, нуқтаи атфе дар ростои ҳаллу фасли буҳрон дар шимоли Руҳингиё бошад.