Назарбоев: Таҳаввулоти ҷадиди Узбакистон дарҳои ин кишварро ба рӯйи ҷаҳон боз мекунад
(last modified 2017-09-17T13:43:16+00:00 )
Сентябр 17, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев: Таҳаввулоти ҷадиди Узбакистон дарҳои ин кишварро ба рӯйи ҷаҳон боз мекунад

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар поёни сафар ба Тошканд, бо истиқбол аз тасмимоти шуҷоонаи давлати ҷадиди Узбакистон, дар ҷиҳати рафъи мавонеи тиҷорӣ, ин иқдомотро дар бозтар шудани фазои ин кишвар дар иртибот бо ҷаҳон муассир донист.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар поёни сафар худ ба Тошканд, дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, бо таваҷҷуҳ ба таҳаввулоте, ки имрӯз дар Узбакистон иттифоқ афтода ба назар мерасад, фазои ин ҷумҳурӣ барои ҳамкориҳои густурдатар бо кишварҳои ҷаҳон боз мешавад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар инки озодсозии арзи миллӣ, кушоиши марзҳо, лағви мавонеи тиҷорӣ, тасмимҳои шуҷоона ва таърихӣ раисиҷумҳури Узбакистон будааст, афзуд, тамоми ин иқдомот барои беҳбуди зиндагии мардуми ин кишвар анҷом шудааст ва тавсеаи муносиботи ин кишвар бо соири кишварҳоро низ тасҳил хоҳад кард.

Назарбоев хотирнишон кард, бо вуҷуди инки аз сафари раисиҷумҳури Узбакистон ба Қазоқистон фақат 6 моҳ гузаштааст, натоиҷи иҷроии тавофуқоти ду кишвар дар ин сафар, ба равшанӣ мушоҳида мешавад.

Вай афзуд, дар ин сафар ҳамчунин имкони эҷоди утоқҳои ҷадиди бозаргонӣ ба хусус дар заминаи мошинсозӣ ва дорусозӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Назарбоев хотирнишон кард, ду кишвар ҳамчунин дар мавриди масоили густариши беш аз пеши ҳамкориҳои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хоссе мабзул доштаанд ва дар мавриди иҷрои 2-3 тарҳи бузурги сармоягузории муштарак дар ояндаи наздик ба тавофуқ расидаем. Ҳамчунин ҳамкориҳои Остона ва Тошканд дар заминаи газ низ ба таври муассир густариш пайдо мекунад ва ба давлат дастур дода шудааст, тарҳҳои ҷадиди газиро бо дар назар гирифтани манофеи ҳар ду тараф танзим кунад.

Назарбоев таъкид кард, тасмими Узбакистон дар мавриди коҳиши аворизи гумрукӣ барои бархе ақломи колоҳои воридотӣ дар ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, як гоми мусбат арзёбӣ мешавад, ки дар натиҷаи ин иқдом тайи 7 моҳи аввали соли 2017 милодӣ, мубодилоти бозаргонии дуҷониба 35 дарсад афзоиш пайдо кардааст.

Вай афзуд, ин натиҷаи бисёр хубе аст ва барномарезӣ мекунем то соли 2020 милодӣ, сатҳи мубодилоти бозаргонии ду кишварро то 5 миллиард доллар бирасонем. Дар ин росто ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро беш аз пеш густариш ва тамоми захоири ғайрифаъолро бакор хоҳем бурд.

Назарбоев дар поён зимни изҳори ризоят аз натоиҷи сафари худ ба Узбакистон, ибрози умедворӣ кард, ки ин сафар ба тақвияти беш аз пеши равобит ва ҳамкориҳои мутақобил байни Тошканд ва Остона бар асоси ҳусни ҳамҷавории суннатӣ, дӯстӣ ва эътимод кӯмак кунад.