Чароғи сурхи Қирғизистон ба тавофуқномаи марзӣ бо Ӯзбакистон
Сентябр 23, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
Тавофуқномаи таъйини марзҳои муштарак байни Ӯзбакистону Қирғизистон дар парлумони Қирғизистон ба тасвиб нарасид.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар баррасии ин тавофуқнома дар парлумони Қирғизистон аҳзоби парлумонии “Онугуу Прогресс” ва “Республика” ба тавофуқномаи таъйини 85 дарсадии марзҳои муштараки ин кишвар бо Ӯзбакистон раъй надоданд.
Қарор аст ин тавофуқнома ҳафтаи оянда боз ҳам дар қироати дувум баррасӣ шавад.
Марзҳои муштараки Ӯзбакистону Қирғизистон беш аз 1300 километр аст.